Расулзода муовини нахуствазири Қирғизистонро ба ҳузур пазируфт



Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода муовини нахуствазири Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиевро, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии кишварҳо оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти мтабуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳо, таҳкими ҳамкориҳои наздимарзӣ, пешгирии омилҳои манфӣ ва амалҳои номатлуб дар марз, сохтмони роҳу пулҳо дар ноҳияҳои наздимарзӣ ва рушди ҳамкориҳо дар бахши нақлиёту коммуникатсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалахои ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар самти амалисозии лоиҳаҳои бузурги байнулмилалӣ дар соҳаҳои энергетикаву нақлиёт низ табодули назар карданд», – гуфт манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное