Мулоқоти муовини нахуствазири Қирғизистон бо сафири Тоҷикистон

Чанде қабл зимни мулоқоти муовини нахуствазири Қирғизистон Элвира Сариева бо сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов масъалаҳои ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамчунин ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоии муштараки сатҳи минтақавӣ баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Бишкек, дар ҷараёни вохӯрӣ Э.Сариева зикр кардааст, ки Қирғизистон ба муносибатҳои эҳтироми байниҳамдигарӣ ва дӯстона миёни кишварҳои […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл зимни мулоқоти муовини нахуствазири Қирғизистон Элвира Сариева бо сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов масъалаҳои ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамчунин ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоии муштараки сатҳи минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Бишкек, дар ҷараёни вохӯрӣ Э.Сариева зикр кардааст, ки Қирғизистон ба муносибатҳои эҳтироми байниҳамдигарӣ ва дӯстона миёни кишварҳои ҳамсоя, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба асоси боэътимод мебошанд, арҷ мегузорад.

«Имрӯз Қирғизистон пайдарҳам иқдомоти таҳкими ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ миёни мардуми қиргизу тоҷикро амалӣ месозад. Мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ ва таҳкими робитаҳои дуҷониба манфиатдорем», – гуфтааст Сариева.

Дар навбати худ Олим Раҳимов қайд кардааст, ки Тоҷикистон минбаъд низ ба рушди робитаҳо бо Қирғизистон танҳо бар асоси муноисбатҳои дӯстонаву эҳтироми байниҳамдигарӣ, эътимоди тарафайн ва ҳамкории пурсамар манфиатдор аст.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба муноқишаи рӯзи 7-уми май рухдода дар марзи давлатии кишварҳо ибрози андеша кардаанд. «Ҳама гуна масоил сарфи назар аз шаклу хусусият ва душвории онҳо, бояд дар рӯҳияи мунсоибатҳои анъанавии дӯстона миёни мардуми кишварҳои баррасӣ ва ҳаллу фасл шаванд», – иброз доштааст муовини нахуствазири кишвари ҳамсоя.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд тақвият бахшидани иқдомот баҳри рушди ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ миёни кишварҳо ба мувофиқа расиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.