Дар арафаи таҷлили 20-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат дар қароргоҳи қисми низомии 2611-и ин ниҳоди қудратӣ бо ҳайати шахсӣ вохӯрӣ намуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи ҶТ, нахуст Вазири Мудофиаи мамлакат, генерал-лейтенант Шерали Мирзо дар назди афсарону сарбозони ин ҷузъи таркибии Қувваҳои Мусаллаҳ сухан гуфта, изҳор намуд, ки бо дастгирии доимӣ ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон Қӯшунҳои сарҳадӣ, имрӯз ба як нерӯи бузург ва ҳимоятгари боэътимоди марзҳои давлати соҳибистиқлоламон табдил ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат вобаста ба ҷашнгирии 20-умин солгарди Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат, ки он рӯзи 28-уми май таҷлил мегардад, изҳор дошт, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди муҳиму тақдирсоз натанҳо дар бақову пойдории давлату давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи марзу буми кишвар, балки он нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни чорабинии мазкур бо фармони вазири мудофиа ба ҳайати шахсии қисми ҳарбии 2611 ду адад телевизори ранга, моҳвора бо тамоми таҷҳизоташ ва ду адад дивидӣ тақдим карда шуд. Илова бар ин, аз ҷониби ротаи Қаровули фахрии Полки камендантии Вазорати мудофиа, дар назди ҳозирин ҳаракатҳои мавзуни низомӣ намоиш дода шуданд.
Чун оини доимии низомиён расми гузашти ҳарбии афсарону сарбозон, аз назди ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ анҷомбахши вохӯрии масъулин бо ҳайати шахсӣ гардид. Азбаски вохӯрии вазири мудофиа дар ин қисми ҳарбӣ ба рӯзи истироҳатии сарбозон рост омада буд, он рӯз аз тарафи ансамбли тарона ва рақси Ватани Вазорати мудофиа барои ҳайати шахсӣ барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуда, барои афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд.



