Агентии зиддифасод далели тафтиши парванда нисбати Ҳукуматуллоро рад мекунад

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон маълумот дар бораи гузаронидани тафтиш аз рӯи далели аз ҷониби собиқи раиси Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукуматулло азхуд кардани маблағҳои пулиро рад мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ Суҳроб Қоҳирӣ хабар дод, маълумоти ВАО дар бораи аз ҷониби гурӯҳи махсуси муфаттишон, […]

ASIA-Plus


Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон маълумот дар бораи гузаронидани тафтиш аз рӯи далели аз ҷониби собиқи раиси Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукуматулло азхуд кардани маблағҳои пулиро рад мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ Суҳроб Қоҳирӣ хабар дод, маълумоти ВАО дар бораи аз ҷониби гурӯҳи махсуси муфаттишон, аз ҷумла кормандони Агентӣ мавриди тафтиш қарор додани ин далел асоси воқеӣ надорад. «Мо чунин тафтишот намегузаронем», – зикр кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бахши тоҷикии сомонаи

радиои «Озодӣ»

бо истинод ба як манбаъи муътамад дар ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки фаъолияти ин гурӯҳ  тафтиши маблағи махсусан калони 46 миллион доллари амрикоӣ аст, ки аз тарафи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, собиқ раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар замони фаъолияташ дар ин мақом аз худ карда шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамзамон бо санҷиши фаъолияти 12-солаи Амонулло Ҳукуматулло дар мансаби раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» фаъолияти 40 ширкату корхонаҳои муталлиқ ба ӯ ё хешону наздиконаш низ санҷида мешавад.

Амонуллоҳи Ҳукуматулло бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2014 «бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» озод карда шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ бо пахши як хабар дар сомонаи расмии худ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки Вазорат вобаста ба хабарҳои дар ВАО чопушда, ки гӯё ВКД дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳо маблағҳои азхудкардаи собиқ раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулоҳи Ҳукуматуллоро таҳқиқ мекунад, изҳор медорад, ки ин хабарҳо комилан нодуруст буда, асоси воқеӣ надоранд.

«Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ягон гурӯҳи вежаи муфаттишон таъсис дода нашудааст ва фаъолияти собиқ раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонуллоҳи Ҳукуматулло мавриди тафтишу таҳқиқ қарор нагирифтааст», – зикр мегардад дар хабари ВКД Тоҷикистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.