Сафарбарии сарбозону афсарони КҲФ ба ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ

Чанде қабл Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон 50 нафар сарбоз 5 нафар афсар аз гарнизони пойтахтро барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ба ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ сафарбар намуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори КҲФ ва МГ ҷумҳурӣ Ориф Нозимов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти кумита […]



Чанде қабл Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон 50 нафар сарбоз 5 нафар афсар аз гарнизони пойтахтро барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ба ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ сафарбар намуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори КҲФ ва МГ ҷумҳурӣ Ориф Нозимов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти кумита назди сарбозону афсарон вазифа гузоштааст, ки то шоми пагоҳ поксозии таҳхонаҳои сокинони маҳаллӣ аз лойқаи селро ба итмом расонида, ба аҳолии маҳаллӣ дар барқарор кардани қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигиашон кумаку мусоидат намоянд.

Қобили зикр аст, ки бар асари боришоти шадиди рӯзи 10-уми май дар ноҳияи Рӯдакӣ ба беш аз 400 манзили зист зарар расонида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.