Майдони кӯдаконро барои сохтмони манзили баландошёна доданианд?

Сокинони 6 хонаи кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт аз он дар ташвишанд, ки дар ҳавлии назди манзили онҳо ба ҷойи майдони кӯдакон хонаи истиқоматии баландошёна сохта мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» сокини яке аз ин хонаҳо Адолат Сатторова хабар дод, ахири моҳи апрел шахсони номаълум ба ҳавлии манзили зисти онҳо омада, майдон барои кӯдаконро аз назар мегузарониданд […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Сокинони 6 хонаи кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт аз он дар ташвишанд, ки дар ҳавлии назди манзили онҳо ба ҷойи майдони кӯдакон хонаи истиқоматии баландошёна сохта мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» сокини яке аз ин хонаҳо Адолат Сатторова хабар дод, ахири моҳи апрел шахсони номаълум ба ҳавлии манзили зисти онҳо омада, майдон барои кӯдаконро аз назар мегузарониданд ва ба саволҳои аҳолӣ посух мегуфтанд, ки майдони кӯдаконро аз нав сохтанианд.

«Гоҳе мегуфтанд, ки майдони нав барои кӯдакон месозанд ва гоҳи дигар изҳор мекарданд, ки майдони бозии футбол бунёд мекунанд. Танҳо пас аз атрофи қитъаро панҷара гирифтан мо огоҳ шудем, ки онҳо манзии зисти нави баландошёна сохтанӣ будаанд», – мегӯяд ӯ.

Ба қавли номбурда, танҳо дар бинои хонаи №12 ҳудуди 140 нафар кӯдакон ва ҳамчунин 5 нафар маъюбону иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ доранд, ки шомгоҳон ба ин майдон баромаданро хуш доштанд ва кӯдакон ба бозиҳои гуногун машғул гардида, пиронсолон дар харакҳо зери сояҳои дарахтон ҳаловат мебурданд.

Акнун сокинон аз он дар ташвишанд, ки дигар барои кӯдакони онҳо ҷойи бозӣ намемонад, зеро ҷойҳои боқимонда аллакай бо автомашинаҳо пуранд.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи ҳуҷҷатҳое, ки «Азия-Плюс» дар ихтиёр дорад, қитъаи мазкур бо майдони 0,12 гектар бо қарори мақомоти шаҳрдории пойтахт ба ширкати сохтмонии ҶДММ «Тибби суҳайб» дода шудааст. Бино ба ин ҳуҷҷатҳо, ширкат бояд дар ин ҷо хонаи баландошёна сохта, дар таҳхонаи бино истгоҳи автомашинаҳо ва дар ошёнаҳои поёнӣ супермаркет ва маркази солимӣ бунёд мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.