Суғд: Довталабии беш аз 13 ҳазор нафар ба таҳсил дар макотиби олӣ

Соли равон беш аз 13 ҳазор нафар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд барои дохилшавӣ ба макотиби олии кишвар ҳуҷҷат супурданд. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, соли равон мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаи шимоли ҷумҳуриро 30 ҳазору 750 нафар толибилмон хатм мекунанд. «Ба Марказҳои милли тестӣ 13 ҳазору 100 нафар […]



Соли равон беш аз 13 ҳазор нафар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд барои дохилшавӣ ба макотиби олии кишвар ҳуҷҷат супурданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, соли равон мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаи шимоли ҷумҳуриро 30 ҳазору 750 нафар толибилмон хатм мекунанд. «Ба Марказҳои милли тестӣ 13 ҳазору 100 нафар хатмкунандагон ҳуҷҷат супоридаанд, ки 43 фоизи хатмкунандагони имсолаи мактабҳоро дарбар мегирад», – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Қобили зикр аст, ки имсол имтиҳоноти қабул аз санаи 1-уми июл оғоз гардида, то рӯзи 12-уми июл идома меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.