КМИР ба таҳияи дастурҳо барои интихоботи парлумонӣ шурӯъ кард

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба таҳияи дастурҳо барои баргузории маъракаи интихоботи парлумонии зимисстони соли оянда шурӯъ кард. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамин ҳафта дар ҷаласаҳои Комиссия ворид намудани тағйироту иловаҳо ба дастурҳо «Дар бораи комиссияҳои интихоботии қитъавӣ», «Дар бораи комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ», […]



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба таҳияи дастурҳо барои баргузории маъракаи интихоботи парлумонии зимисстони соли оянда шурӯъ кард.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамин ҳафта дар ҷаласаҳои Комиссия ворид намудани тағйироту иловаҳо ба дастурҳо «Дар бораи комиссияҳои интихоботии қитъавӣ», «Дар бораи комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ», «Дар бораи номзадҳо ба вакилии палатаи поёнии парлумон», «Дар бораи тартиби баррасии арзу шикоят» тасдиқ карда шудаанд.

Дар идома ӯ зикр кард, ки айни замон КМИР ба омода намудани дастур «Дар бораи санҷиши номзадҳо ба вакилии палатаи поёнии парлумон оид ба донистани забони давлатӣ» машғул аст.

«Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро президенти мамлакат на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мекунад. Интихобот ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пас аз 25 рӯзи баргузории интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад», – хотиррасон кард Додоев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.