Сафари навбатии «Ҳоҷӣ-пиёда»-и хатлонӣ ба Исроил

Сайёҳи маъруфи тоҷик аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон Азиз Раҷабови 66-сола маъруф ба «Ҳоҷӣ-пиёда» бо мақсади зиёрати макони муқаддаси дини Ислом ва сарзамини се дин – Исроил ба сафари навбатӣ баромад. Худи А.Раҷабов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сокини 67-солаи деҳаи Сурхкати ноҳияи Мастҷоҳ Ҳамдам Шарифов, ки ӯ ҳам аз таҷрибаи хуби […]



Сайёҳи маъруфи тоҷик аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон Азиз Раҷабови 66-сола маъруф ба «Ҳоҷӣ-пиёда» бо мақсади зиёрати макони муқаддаси дини Ислом ва сарзамини се дин – Исроил ба сафари навбатӣ баромад.

Худи А.Раҷабов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сокини 67-солаи деҳаи Сурхкати ноҳияи Мастҷоҳ Ҳамдам Шарифов, ки ӯ ҳам аз таҷрибаи хуби пиёдагардӣ бархӯрдор аст, низ ҳамроҳаш озими сафар аст. Ҳамчунин дар қаламрави ҷумҳурӣ ба сафи онҳо пайвастани дигар сайёҳон низ дар назар аст.

Ба гуфтаи номбурда, бинобар сабаби эҳтимоли ноором шудани вазъ дар остонаи даври дуюми интихоботи президенти Афғонистон, хатсайр чанде тағйир ёфта, роҳ тариқи Ӯзбекистону Туркманистон ва аз Эрон тавассути Қатар ба Арабистони Саудӣ, Ӯрдун ва то расидан ба Исроил сурат мегирад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2013 Азиз Раҷабов хатсайри Ҳамадонӣ – Кӯлоб – Душанбе – Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён – Шерхон Бандар (Афғонистон) – Покистон – Ҳиндустон – Шри-Ланкаро пиёда тай кард. Дар ин сафар 8 нафар ҳузур доштанд, вале танҳо ба 2 нафар – Азир Раҷабов ва Раҷабалӣ Сулаймонови 51-сола муяссар шуд, ки қабри Ҳазрати Одам дар Шри-Ланка зиёрат кунанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.