Сафари баронессаи бритониёӣ ба ВМКБ лағв карда шуд



Сафари баронесса Вивиен Стерн ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) мутаассифона лағв карда шуд.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон, баронесса Вивиен Стерн узви Палатаи Лордҳои  Шоҳигарии Британиёи  Кабир 22-юми майи соли ҷорӣ ба Душанбе ташриф овард.

Гуфта мешавад, дар доираи сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баронесса Стерн нақша дошт, ки аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ ) боздид кунад, вале бо сабаби вазъияти феълӣ дарн ин минтақа, сафари ӯ лағв карда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное