Гирдиҳамойии осоиштаи зодагони ВМКБ дар Бишкек

Рӯзи 24-уми май назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Бишкек «алайҳи зуҳури зӯроварии дар Хоруғ ҷойдошта» аксияи осоиштаи эътирозии зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегардад. Бино ба иттилои созмондиҳандагони гирдиҳамойӣ, барои иштирок дар ин аксия намояндагони гурӯҳҳои гуногуни этникии Бадахшон гирдиҳам омада, баргузории ҷамъомад бо ҳукуматдорони шаҳри Бишкек мувофиқа шудааст. Созмондиҳандагони чорабинӣ бар ин назаранд, ки […]



Рӯзи 24-уми май назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Бишкек «алайҳи зуҳури зӯроварии дар Хоруғ ҷойдошта» аксияи осоиштаи эътирозии зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегардад.

Бино ба иттилои созмондиҳандагони гирдиҳамойӣ, барои иштирок дар ин аксия намояндагони гурӯҳҳои гуногуни этникии Бадахшон гирдиҳам омада, баргузории ҷамъомад бо ҳукуматдорони шаҳри Бишкек мувофиқа шудааст.

Созмондиҳандагони чорабинӣ бар ин назаранд, ки сабаби рух додани чунин  ҳодисаҳо оқибати ҳалношуда боқӣ мондани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар вилоят ва нишони нобоварии амиқи аҳолии минтақа ба ҳукумати марказӣ ва бахусус мақомоти интизомӣ мебошад.

Гуфта мешавад, дар гирдиҳамойӣ ба сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов супурдани муроҷиатнома дар назар аст, ки он аз пешниҳодоти мушаххас ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти вилоят иборат аст.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба рӯйдодҳои фоҷебаори рӯзи 21-уми май дар шаҳри Хоруғ ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ

изҳорот интишор намуда

, дар он ин рӯйдодҳоро иқдоми тарҳрезишудаи мақомоти интизомӣ арзёбӣ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.