Боздиди президент аз маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадӣ

Бегоҳии рӯзи 26-уми май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ташриф оварда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин маркази таълимӣ барои омодасозии мутахассисони хурди ҳайати сарбозӣ ва сержантии Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ шуда, дар он аз рӯйи 18 ихтисос кадрҳо […]



Бегоҳии рӯзи 26-уми май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ташриф оварда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин маркази таълимӣ барои омодасозии мутахассисони хурди ҳайати сарбозӣ ва сержантии Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ шуда, дар он аз рӯйи 18 ихтисос кадрҳо омӯзонда мешаванд. Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани дарсҳои назарявию амалӣ дар ин ҷо тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст, хусусан пас аз таъмиру навсозие, ки тайи чанд моҳи охир анҷом дода шудааст.

Ба Сарвари давлат нахуст омодагии сарҳадбонон доир ба ташкил ва гузарондани амалиёти ошкор ва дастгирсозӣ ё безарагардонии гурӯҳи террористӣ ва ё қочоқбари сарҳадшикан намоиш дода шуд.

Президенти мамлакат ҳамчунин дар маросими дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифтани шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таъмири пурра иштирок кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".