Раҳмон раиси палатаи поёнии парлумони Покистонро ба ҳузур пазируфт

Нимаи дуюми рӯзи 26-уми майи соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи миллии парлумонии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Айёс Содиқро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуда, ба густариши робитаҳо миёни парлумонҳо, ҳукуматҳо, доираҳои соҳибкорӣ ва мардумони […]



Нимаи дуюми рӯзи 26-уми майи соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи миллии парлумонии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Айёс Содиқро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуда, ба густариши робитаҳо миёни парлумонҳо, ҳукуматҳо, доираҳои соҳибкорӣ ва мардумони ду кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Таъкид гардид, ки парлумонҳо рафти татбиқи амалии санадҳои сершумори миёни ду кишвар имзошударо низ, аз ҷумла доир ба тадбиқи лоиаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, роҳсозӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ ва ғайра бояд пайваста назорат намоянд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии Афғонистон,  минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии Тоҷикистону Покистон дар мубориза бо терроризму экстремизм ва хатарҳои дигари ҷаҳони муосир сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".