Иштироки Раҳмон дар кори форуми соҳибкорони Тоҷикистону Баҳрайн

Рӯзи дуюми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Баҳрайн бо иштирок дар форуми васеи соҳибкорону тоҷирони ду кишвар оғоз ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҳарду ҷониб дар ин ҳамоиш беш аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирон ба ҳам омаданд. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиш суханронӣ намуда, шахсан фазои сиёсӣ ва […]



Рӯзи дуюми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Баҳрайн бо иштирок дар форуми васеи соҳибкорону тоҷирони ду кишвар оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҳарду ҷониб дар ин ҳамоиш беш аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирон ба ҳам омаданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиш суханронӣ намуда, шахсан фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистонро ба соҳибкорони бонуфузи Баҳрайн муаррифӣ кард ва онҳоро ба ташкил ва густариши ҳамкории ба ҳарду ҷониб судбахш даъват намуд.

Тавре зикр гардид, тайи чанд соли охир тавассути амалӣ намудани ислоҳоти ҷиддӣ барои соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 40 имтиёз муайян карда шудааст.

Зимни суханронии Вазири саноат ва савдои Шоҳигарии Баҳрайн Ҳасан Фахру ва пурсишу посух бо соҳибкорони ин давлати пешрафтаи араб, аз ҷумла аён гардид, ки онҳо ба сармоягузорӣ ва ташкили ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори Тоҷикистон, аз ҷумла энергетикаи барқӣ, нафту газ, кишоварзӣ, саноати кӯҳӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, туризм ва содироти оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба ин кишвар бисёр ҳавасманд мебошанд.

Мулоқоту суҳбатҳои зиёд бевосита миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар баргузор шуд, ки зимни онҳо тавофуқоти бисёри ҳамкорӣ ҳосил шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".