Кумаки ҲНИТ ба осебдидагони ноҳияи Қумсангир

Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон чанде қабл ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Қумсангир кумак кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Қамариддин Афзалӣ, раиси шӯъбаи мазкур гуфтааст, рӯзи 26 май ҳайатеро барои расонидани як миқдор сарулибос, асбоби рӯзгор ва каме маблағе, ки аз сӯи аъзо ва ҳаводрони ҳизб […]



Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон чанде қабл ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Қумсангир кумак кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Қамариддин Афзалӣ, раиси шӯъбаи мазкур гуфтааст, рӯзи 26 май ҳайатеро барои расонидани як миқдор сарулибос, асбоби рӯзгор ва каме маблағе, ки аз сӯи аъзо ва ҳаводрони ҳизб ҷамъ оварда будем, барои мардуми селзадаи ноҳияи Қумсангир равона сохтаанд.

«Агарчи кӯмаки навбатии мо ночиз ҳам бошад, вале шодиву хурсанди мардуми зарардидаро ҳадду канор набуд. Онҳо миннатдорӣ карданду ба мубтакирин ин амри хайр дуъои нек намуданд», – иброз доштааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки бар асари боришоти шадиди рӯзи 13-уми май дар кӯчаи Шамсиддини Шоҳини маркази ноҳияи Қумсангир 8 манзили зист пурра ва 13 хона қисман хароб гардида, боришот ба 3,5 гектар заминҳои наздиҳавлигии сокинони ноҳия низ осеб расонид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.