Дастоварди зани тоҷик дар ҳамоиши байнулмилалии «Занҳои ихтроъкор»

Аз  16 то 23 майи соли 2014 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ҳафтумин ҳамоиши байналмилалии «Занҳои ихтироъкор» баргузор гардид, ки  дар он аз 26 давлат 800 ихтироъ пешниҳод карда шуд. Тавре аз Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, аз Тоҷикистон 3 ихтироъ, ки муаллифонашон занҳои ихтироъкор аз […]



Аз  16 то 23 майи соли 2014 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ҳафтумин ҳамоиши байналмилалии «Занҳои ихтироъкор» баргузор гардид, ки  дар он аз 26 давлат 800 ихтироъ пешниҳод карда шуд.

Тавре аз Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, аз Тоҷикистон 3 ихтироъ, ки муаллифонашон занҳои ихтироъкор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, пешниҳод карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, муаллиф ва ҳаммуаллифи ду ихтироъ дар соҳаи кимиё ва як ихтироъ дар соҳаи тиб, ки устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори фанҳои кимиё, дотсент Раҳимова Мубошира мебошад, бо 1 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ қадрдонӣ карда шуд.

Инчунин, дар чорабинӣ аввалин маротиба дар ҷаҳон ба  Раҳимова Мубошира Ҷоизаи Ҷумҳурии Исломии Эрон зери унвони «Беҳтарин зани ихтироъкор» (Диплом) ва Ҷоизаи Ҷумҳурии Индонезия (Сертификат) супорида шуд.

Ин бори сеюм аст, ки бонувон-ихтироъкорони тоҷик дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби медалҳо ва ҷоизаҳои махсус мегарданд.

Дастовардҳои мазкур шаҳодат аз ғамхорӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ихтироъкорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳамоиши байналмилалӣ бо дастгирии Идораи патентии Кореяи Ҷанубӣ, Ассотсиатсияи занҳои ихтироъкори Кореяи Ҷанубӣ ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баргузор карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.