Нахуствазир намояндаи Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфт

Нимаи дуюми рӯзи 28-уми май нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриденро ба ҳузур пазируфт. Тавре сармушовири хадамоти матуботи президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва стратегияи муносибатҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд. «Ба масъалаи амалисозии лоиҳаи CASA-1000, ки дар он таъмини интиқоли нерӯи […]



Нимаи дуюми рӯзи 28-уми май нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриденро ба ҳузур пазируфт.

Тавре сармушовири хадамоти матуботи президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва стратегияи муносибатҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.

«Ба масъалаи амалисозии лоиҳаи CASA-1000, ки дар он таъмини интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо манфиатдории худро ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ изҳор карданд.

Қобили зикр аст, ки дар гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриден Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.