Медали биринҷии гӯштигири тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ

Акмалиддин Каримов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи XIV байналмилалӣ оид ба самбо дар Владивостоки Русия, ки даври Ҷоми ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, вай дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг мақоми севумро касб кард. Дар ин вазн Баҳодур Боқиев аз Русия ғолиб шуд. Ганхуаг […]



Акмалиддин Каримов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи XIV байналмилалӣ оид ба самбо дар Владивостоки Русия, ки даври Ҷоми ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, вай дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг мақоми севумро касб кард. Дар ин вазн Баҳодур Боқиев аз Русия ғолиб шуд. Ганхуаг Мунх Бат (Русия) ҷойи дувумро гирифт. Ба ҷуз Акмалиддин Каримов, Багила Денис (Русия) мақоми севумро соҳиб шуд.

Гуфта мешавад, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Юрий Потапов, нахустин раиси Федератсияи самбо ва дзюдои Приморе ва муовини раиси Федератсияи самбои Русия, ки рӯзҳои 25-26-уми май дар Владивосток баргузор шуд, беш аз 140 варзишгар аз 16 кишвар: Русия, Олмон, Литва, Булғористон, Молдова, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Чин, Тайланд ва Куриёи Ҷанубӣ ширкат доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.