Ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон дар Санкт-Петербург

Мақомоти тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург оид ба далели ҳалокати шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистон бар асари аз баландӣ ба замин афтодан тафтиши пешакӣ мегузаронанд. Бино ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург , субҳи 28-уми майи соли равон ҳангоми анҷом додани корҳои таъмиру сохтмон дар майдони техникии хонаи рақами 7 дар кӯчаи Партизани […]

ASIA-Plus



Мақомоти тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург оид ба далели ҳалокати шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистон бар асари аз баландӣ ба замин афтодан тафтиши пешакӣ мегузаронанд.

Бино ба иттилои

Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург

, субҳи 28-уми майи соли равон ҳангоми анҷом додани корҳои таъмиру сохтмон дар майдони техникии хонаи рақами 7 дар кӯчаи Партизани ин шаҳр ҷабрдида аз баландии ҳудуди 3 метр ба поин афтода, ба бемористон бистарӣ шудааст. Аз ҷароҳатҳои бардошта ӯ дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, айни замон ҷиҳати муайян кардани ҳолатҳои ҳодиса маҷмӯи чорабиниҳои санҷишӣ гузураонида шуда, аз рӯи тафтиши пешакӣ қарори мурофиавӣ қабул карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.