Вохӯрии мақомоти зиддимухаддиротии Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистон

Дар чаҳорчӯби таҳияи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ “Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя барои солҳои 2011-2014” 29 майи соли 2014 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ вохӯрии чоруми сеҷонибаи шахсони мансабдори калони сохторҳои зиддимухаддиротии Ташаббуси АҚТ (Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон) […]



Дар чаҳорчӯби таҳияи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ “Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя барои солҳои 2011-2014” 29 майи соли 2014 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ вохӯрии чоруми сеҷонибаи шахсони мансабдори калони сохторҳои зиддимухаддиротии Ташаббуси АҚТ (Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон) баргузор гардид, ки дар кори он инчунин намояндагони Раёсати СММоид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ифтитохи вохӯри муовини Директори Агентӣ Ҳалим Маҳмудов қайд намуд: “Бо мақсади муттаҳид намудани кӯшишҳо дар самти мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва баланд бардоштани самаранокии он Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи худро бо кишварҳо ва созмонҳои манфиатдор рушд ва тақвият медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мақсади асосии вохӯрӣ аз омода намудани маводҳо иборат мебошад, ки ба баланд бардоштани ҳамкории самаранок дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва идоракунии сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд.

Гуфта мешавад, маҷмӯи ҳуҷҷатҳо барои дида баромадан дар рафти вохӯрии вазирон/роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон пешниҳод карда мешавад, ки он 30 майи соли 2014 дар Душанбе баргузор мегардад.  Дар анҷоми вохӯрӣ Протоколи якҷоя ба имзо мерасад.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.