Мусовии мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий-2014

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон вохӯрии нахусти худ дар мусобиқаи Ҷоми Каспий-2014 дар Боку бо тими наврасони Ҷопонро мусовӣ – 1 бар 1 анҷом дод. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар дақиқаи 15-уми бозӣ футболбозони навраси Ҷопон ҳисоби бозиро кушода, ба футболбозони тоҷик танҳо дар дақиқаи дуюми вақти иловагии замшуда муяссар шудааст, […]



Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон вохӯрии нахусти худ дар мусобиқаи Ҷоми Каспий-2014 дар Боку бо тими наврасони Ҷопонро мусовӣ – 1 бар 1 анҷом дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар дақиқаи 15-уми бозӣ футболбозони навраси Ҷопон ҳисоби бозиро кушода, ба футболбозони тоҷик танҳо дар дақиқаи дуюми вақти иловагии замшуда муяссар шудааст, ки ҳисобро баробар кунанд. Дар бозии навбатии гурӯҳ дастаи Тоҷикистон бо тими Гурҷистон қувваозмоӣ мекунад.

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мусобиқаи анъанавии Ҷоми каспий-2014 аз 28-уми май то 6-уми июн дар пойтахти Озарбойҷон бо ширкати 12 дастаи мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ баргузор мешавад. Дар мусобиқа футболбозони синнашон то 17-сола ширкат меварзанд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Ҷопон (29-уми май) ва Гурҷистон (30-юми май) рақобат мекунад.

Гуфта мешавад, дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро мегиранд, ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дувумро соҳиб мешаванд, барои ҷойҳои 5-8-ум ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар ҷойҳои охирин қарор мегиранд, барои ҷойҳои 9-12-ум талош хоҳанд кард.


Ҳайатҳои гурӯҳҳо чунинанд:

Гурӯҳи «А»: Озарбойҷон-1, Афғонистон, Булғористон.

Гурӯҳи «В»: Озарбойҷон-2, Қирғизистон, Эрон.

Гурӯҳи «С»: Ҷопон, Гурҷистон, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «D»: Туркия, Ӯзбакистон, Қазоқистон.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий бори севум ширкат меварзад. Соли гузашта футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки мақоми 9-ум-ро касб намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.