Сармураббии дастаи футболи «Равшан» ба истеъфо меравад

Сармураббии чемпиони амалкунандаи Тоҷикистон, дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб Ғайраталӣ Мираҳмедов пас аз шикаст дар бозӣ бо дастаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 2 бар 3 изҳор намуд, ки ба истеъфо меравад. «Аввалан «Хуҷанд»-ро бо пирӯзи табрик мегӯям. Имрӯз мо бидуни ду футболбози асосиии даста бозӣ кардем, ки дар ҳайати дастаи мнутахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Каспий-2014 […]



Сармураббии чемпиони амалкунандаи Тоҷикистон, дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб Ғайраталӣ Мираҳмедов пас аз шикаст дар бозӣ бо дастаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 2 бар 3 изҳор намуд, ки ба истеъфо меравад.

«Аввалан «Хуҷанд»-ро бо пирӯзи табрик мегӯям. Имрӯз мо бидуни ду футболбози асосиии даста бозӣ кардем, ки дар ҳайати дастаи мнутахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Каспий-2014 дар Боку ҳунарнамоӣ мекунанд. Имрӯз «Равшан» на камтар аз «Хуҷанд» лаҳзахои зиёди голзанӣ дошт, вале футболбозони ҷавон аз он истифода карда натавонистанд», – иброз доштааст ӯ ба сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

Ғ.Мираҳмедов зикр кардааст, ки «сарфи назар аз мушкилот, то лаҳзаи охир ҳамроҳи даста буда, расман изҳор мекунад, ки ба истеъфо меравад». «Ин қарори шахсии ман аст. Бо дастаи «Равшан» мо мавсимҳои хуберо гузаронида, ду маротиба пайи ҳам қаҳрамони Тоҷикистон шудем. Ба ҳамаи футболбозони таҳти раҳбарии ман бозикардаи даста миннатдорӣ изҳор намуда, дар бозиҳои минбаъдаи ҷемпионат бо роҳбарии сармураббии нав ба онҳо комёбиҳо хоҳонам», – изҳор кардааст самураббӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.