Густариши ҳамкориҳои ширкати «Колнаг» бо кишоварзони тоҷик

Имрӯз  дар вазорати кишоварзии Тоҷикистон вохӯрии  вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар бо директори ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «Колнаг»-и Русия  Алексей  Алдошкин  доир гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати кишоварзии ҶТ, зимни вохурӣ тарафҳо дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти тухмипарварӣ  ва созмон додани  намояндагиҳо бо тамоми имконоти ташкили майдонҳои намоишӣ барои омӯхтани технологояи ҳозиразамони коркарди […]



Имрӯз  дар вазорати кишоварзии Тоҷикистон вохӯрии  вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар бо директори ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «Колнаг»-и Русия  Алексей  Алдошкин 



доир гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати кишоварзии ҶТ, зимни вохурӣ тарафҳо дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти тухмипарварӣ  ва созмон додани  намояндагиҳо бо тамоми имконоти ташкили майдонҳои намоишӣ барои омӯхтани технологояи ҳозиразамони коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дастрас намудани тухмии хушсифат,  изҳори ақида намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҶСП «Колнаг» тибқи шартномаи дутарафа бо  хоҷагии «Латиф Муродов»-и ноҳияи Ҳисор дар самти  дастрас намудани техника ва таҷҳизотҳои махсус, парвариш, захира ва фурӯши маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон ва инчунин содироти  сабзавотҳои барвақтӣ, аз ҷумла  картошка, пиёз, сабзӣ, лаблабу ва турби тару тоза  ба вилоятҳи Свердловск ва Тюмени Федератсияи Русия  ҳамкориҳои самарабахш ба анҷом расонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон ширкати мазкур метавонад, дар оянда низ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба, баҳри  фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан рушди техника ва технологияи коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ ва сабзавотҳои барвақтӣ ҳамкориҳои судмандро бо кишоварзони ноҳияи Ҳисор ба анҷом расонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.