Сафари кории ёвари котиби давлатии ИМА ба Душанбе



Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ниша Десаи Бисвал бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард.

Бино ба иттилои

сомонаи

расмии департмаенти давлатии ИМА, ӯ ҳайати амрикоӣ дар иҷлосияи сеюми машваратҳои ҳамасолаи дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА-ро, ки рӯзҳои 2-3-юми июн дар душанбе доир мегардад, роҳбарӣ мекунад.

«Зимни сафар Ниша Десаи Бисвал бо мансабдорони воломақоми Тоҷикистон, пешвоёни сиёсӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонон ва ҳамчунин мансабдорони созмонҳои байнулмилалӣ дидору гуфтушунид мекунад», – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ёвари котиби давлатии ИМА аз Душанбе ба Пекин (4-6-уми июн) ва аз пойтахти Чин ба Ҳиндустон (6-9-уми июн) раҳсипор мегардад.

spot_imgspot_img

Популярное