Боздиди президент аз боғи 10-солагии истиқлоли Тоҷикистон

Рӯзи 1-уми июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз боғи 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки бунёдаш 8 сол пеш, 18 феврали соли 2006 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат оғоз ёфта буд, ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти мтабуоти сарвари давлат, ин боғи 450-гектара пурра ба ҳосил омада, соли дуюм аст, ки аз он ҳазорон нафар ризқи фарох […]



Рӯзи 1-уми июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз боғи 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки бунёдаш 8 сол пеш, 18 феврали соли 2006 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат оғоз ёфта буд, ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти мтабуоти сарвари давлат, ин боғи 450-гектара пурра ба ҳосил омада, соли дуюм аст, ки аз он ҳазорон нафар ризқи фарох ҳосил мекунанд. Аз 450 га 130 гектараш боғи навъҳои содиротии гелос аст, ки 100 гектараш ҳосилдеҳ шудааст. 30 гектари дигар соли оянда ба ҳосил меояд.

Чунонки зикр гардид, ҳар як гектари боғ ба аҳли як оила иҷора дода шудааст ва ҳамин тариқ дар он беш аз 2400 нафар соҳиби кор мебошад. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил бошад, ҳар як иҷоракор боз 5-6 нафар қувваи кории иловагӣ мегирад, ки беш аз якуним ҳазор нафари дигар мешавад.

Тавре иттилоъ доданд, аз ҳар гектар боғи гелос то 6 тонна ва аз 100 гектар 600 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ мешавад, ки ҳосили хеле фаровон аст ва нисбат ба ғаллакории пешина даҳҳо баробар фоидааш зиёд аст.

Ба иттилои боғпарварон, ҳосили фаровони боғҳои гелос соли дуюм аст, ки ғайр аз бозорҳои Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар давлатҳо бароварда мешавад. Соли 2013 аз ҳамин боғи 100 гектараи гелос беш аз 600 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуда, зиёда аз 110 тоннаашро ба Русия ва Чин содир намудаанд. Имсол бошад, то имрӯз аллакай 170 тонна гелоси аълосифат ба хориҷи кишвар содир карда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид бо боғпарварон ва масъулини давлатии соҳа суҳбат намуда, доир ба ривоҷ додани ин таҷрибаи пешқадам, ҷалби сайёҳон ба ин боғ ва роҳҳои фоидаи бештар ҳосил намудан маслиҳатҳои муфид дод.

Аҳли заҳмати ин боғҳо ва мардуми атрофи он аз бунёди боғ дар ин заминҳои лалмӣ аз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускори бевоситаи ин иқдоми наку аст, басо шоду сипосгузоранд, зеро ба гуфти худашон, пештар дар ин мавзеъҳо ғаллаи лалмӣ корида, аз он ҳосили ночиз мегирифтаанд.

Дар воқеъ маҳз ташаббускорӣ ва иштироки бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғутокзори нав ва эҳёи боғоти кӯҳна аст, ки барномаи панҷсолаи рушди боғутокпарварӣ дар се сол иҷро шуд ва 27 августи соли 2009 боз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2010-2014» содир шуд, ки мутобиқи он дар майдони қариб 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.