Дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон худро ба дор овехтааст.
Бино ба иттилои
«БалтИнфо»
бо истинод ба як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷасади шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон, ки худро бо либосаш (футболка) ба дор овехтааст, соати 19-и шом дар яке аз ҳуҷраҳои тавқифгоҳи муваққатии №5 дар кӯчаи Силикатний дарёфт шудааст.
«Муайян карда шудааст, ки рӯзи чоршанбе суди ноҳияи Никулинои шаҳри Маскав барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳайати гурӯҳи муташаккил, ӯро ба 19,5 соли зиндон маҳкум намудааст. Пас аз қироати ҳукм ӯро ба тавқифгоҳ овардаанд, ки дар он ҷо ӯ дарҳол даст ба худкушӣ задааст», – иттилоъ медиҳад хабаргузорӣ.







