Бозомӯзии дипломатҳои тоҷик дар Туркия

Рӯзи 5 июни соли равон дар Душанбе Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия дар бораи бозомӯзии дипломатӣ ва мубодилаи маълумот ва аснод ба имзо расид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зери санади мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Раиси Академияи дипломатии Вазорати […]

ASIA-Plus



Рӯзи 5 июни соли равон дар Душанбе Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия дар бораи бозомӯзии дипломатӣ ва мубодилаи маълумот ва аснод ба имзо расид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зери санади мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Раиси Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Масут Озҷан имзо гузоштанд.

Гуфта мешавад, дар мулоқоте, ки пеш аз маросими имзо баргузор гардид, масъалаҳои ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар заминаи бозомӯзии дипломатӣ баррасӣ шуда, роҷеъ ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.