Мусодираи 16 кило маводи мухаддир дар ҷануби кишвар

Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт рӯзи 4-уми июн сокини 32-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ Миралӣ Давлатовро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт карданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 4 килою 005 грамм маводи нашъадори “афюн” дарёфт ва мусодира карда шудааст. Гуфта мешавад, инчунин […]

ASIA-Plus



Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт рӯзи 4-уми июн сокини 32-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ Миралӣ Давлатовро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 4 килою 005 грамм маводи нашъадори “афюн” дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, инчунин баъди гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ, дар вақти азназаргузаронии автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки ба сокини дигари ноҳияи зикргардида шаҳрванди 38-сола Исмоилхон Ибронов тааллуқ дошт, аз дохили бордонаш 12 килою 205 грамм маводи нашъадори “ҳашиш” дарёфт ва мусодира карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.