Хуҷанд: Мусобиқаи бокс бахшида ба 20-солагии ҲХДТ

Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба 20 –умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз санаи 3 июн то 5 июни соли равон мусобиқаи вилоятии Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ оид ба бокс дар толори «Ҷашнӣ» баргузор гардид. Бино […]

ASIA-Plus



Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба 20 –умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз санаи 3 июн то 5 июни соли равон мусобиқаи вилоятии Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ оид ба бокс дар толори «Ҷашнӣ» баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд санаи 5 июн маросими пӯшидашавии мусобиқаи мазкур дар толори ҷашнии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, ки дар он Раиси Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Юнусов ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  Абдунабӣ Сангинов иштирок намуданд. Мусобиқа аз рӯи 22 вазн миёни варзишгарони соли таваллудашон 1998-1999 аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Исфара, Ҷаббор Расулов, Ашт, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Конибодом ва Истаравшан доир гардид. Тибқи иттилои масъулин дар мусобиқа варзишгарон аз 10 шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба ғолибон Ифтихорнома ва медалҳои омоданамудаи Кумиҷроияро тақдим намуданд. Ҷавонони варзишгар аз ин иқдом ва дастгирии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ бисёр шод гардида, арзи сипоси худро ба ташкилкунандагони мусобиқа баён карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.