Мирослав Ниёзов сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон таъин шуд

Парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон таъини Мирослав Ниёзов ба вазифаи сафири Қирғизистон дар Тоҷикистонро маъқул шуморид. Дар ин бора хабаргузории «24.kg» бо истинод ба хадамоти матбуоти парлумон иттилоъ медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар Кумитаи Жогору Кенеши Қирғизистон оид ба умури байнулмилалӣ номзадии Ниёзов ба сифати сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. «Раиси Кумита Канибек […]

ASIA-Plus



Парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон таъини Мирослав Ниёзов ба вазифаи сафири Қирғизистон дар Тоҷикистонро маъқул шуморид. Дар ин бора хабаргузории «24.kg» бо истинод ба хадамоти матбуоти парлумон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар Кумитаи Жогору Кенеши Қирғизистон оид ба умури байнулмилалӣ номзадии Ниёзов ба сифати сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

«Раиси Кумита Канибек Имоналиев таҷрибаи андӯхтаи дипломатии Мирослав Ниёзовро таъкид намуда, аз рӯи натиҷаи баррасиҳо ба таъини ӯ ба вазифаи сафири Қирғизиситон дар Тоҷикистон розигӣ дода шуд», – менависад хабаргузорӣ.

Мирослав Ниёзов соли 1951 таваллуд шуда, собиқ раиси Шӯрои амният ва қаблан низ намояндагии дипломатии Қирғизистон дар Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст.

Дар вазифаи сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон ӯ Урмат Саралаевро, ки соли 1975 таваллуд шудааст, иваз мекунад. Санаи 20-уми октябри соли 2010 бо фармони президенти Қирғизистон Урмат Саралаев сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон таъин шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.