Оғози корҳои бунёди шаҳраки нав дар минтақаи шимол

Ояндаи наздик дар шимолу ғарбии шаҳри Хуҷанд, дар мавзеъи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаҳраки нав бунёд ёфта, ҳазорҳо гектар замини бекорхобида ба гардиши кишварзӣ дароварда мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бо ин мақсад субҳи рӯзи ҷумъа, 6 июн дар ин минтақа бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ сохтмони пойгоҳи обкашӣ расман оғоз ёфт. Ҳадафи аслии […]

ASIA-Plus



Ояндаи наздик дар шимолу ғарбии шаҳри Хуҷанд, дар мавзеъи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаҳраки нав бунёд ёфта, ҳазорҳо гектар замини бекорхобида ба гардиши кишварзӣ дароварда мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бо ин мақсад субҳи рӯзи ҷумъа, 6 июн дар ин минтақа бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ сохтмони пойгоҳи обкашӣ расман оғоз ёфт. Ҳадафи аслии ин тадбир ҳаллу фасли як қатор мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии  шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Ҳамаи ин дар асоси дастуру супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада,  мақсад аз он бо замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани сокинон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, азхудкунии заминҳои нав, бунёди иншоотҳои гуногуни иҷтимоиву истеҳсолӣ мебошад.

Мувофиқи лоиҳа тариқи ду пойгоҳи обкашӣ бо ду бардошт ба баландии 310 метр ва масофаи 13 км аз Сирдарё оби полезӣ бароварда хоҳад шуд. Марҳилаи аввали сохтмони пойгоҳи обкашӣ  ва баровардани қубурҳо аз ҳамин рӯз оғоз ёфта, то соли нави 2015 ба итмом расонида мешавад, ки ин имкон медиҳад то 1,6 куб об бароварда шавад. Бо ин миқдор метавон шаҳраки навро бо об таъмин сохта, 5 ҳазор гектар заминро тариқи обёрии қатрагӣ ба гардиши кишоварзӣ даровард.

Маблағи лоиҳаи мазкур 60 милион сомониро ташкил дода, пойгоҳҳои обкашӣ бо истифода аз таҷҳизоти пуриқтидор ва муосир сохта хоҳад шуд. Барои ин аллакай бо ширкати “Техносила” – и шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, мутахассисони ин корхона аз ин мавзеҳо дидан кардаанд. Шурӯъ аз мависми навбатии ниҳолшинонӣ метавон ин мавзеъро ба ободонӣ фаро гирифт ва боғоти нав бунёд кард. Мувофиқи нақша дар ин минтақа асосан боғи зардолу ва олуи сиёҳ тариқи обёрии қатрагӣ бунёд карда мешавад.

Дар ҳамин минтақа Раиси вилоят бо лоиҳаи бунёди шаҳраки нав ва аз худкунии заминҳои Сомғор шинос гардид. Тибқи нишондиҳандаи иқтисоди техникии шаҳраки нав дар ин мавзеъ дар масоҳати умумии 2 ҳазор гектар ба 40 ҳазор оила қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад, ки бо ҳамин тартиб 200 ҳазор нафар шаҳрвандон ба замин, барои бунёди манзили зист дастрасӣ меёбанд. Ҳамчунин дар шаҳраки нав сохтмони мактаб барои 9 ҳазор хонанда, боғчаи бачагона бо фарогирии 3 ҳазор тарбиятгиранда, беморхона барои 500 ҷой марказҳои гуногуни хизматрасониву тиҷоратӣ, коргоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ, қасри фарҳанг ва ғайра  дар назар дошта шудааст.

Таъмини оби полезии шаҳрак бо бунёди ду пойгоҳи обкашӣ ба роҳ монда  мешавад. Барои оби нӯшокӣ бошад кофтани 75 чоҳи амудӣ дар мавзеи Қароҷингил ба нақша гирифта шудааст. Бадин тартиб метавон этиёҷоти манзили зисти сокинони якчанд шаҳру навоҳӣ аз ҷумла Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Чкалов, Ашт ва Қайроққумро ҳал намуд. Дар ин мавзеъ корҳои ҳамворкунӣ аллакай оғоз ёфта, бунёди боғи нав тариқи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад, ки ин ба сатҳи оби дарёи Сир таъсири манфӣ намерасонад. Корҳои васлу насби қубурҳоро бошад, корхонаи “Старпласт” – и маркази вилоят ба ӯҳда гирифтааст. Раиси вилоят аз ҳозирин, ки аксар соҳибкорон мебошанд даъват ба амал овард, ки дар ободонии ин минтақа саҳмгузор бошанд.  Ҳар кадоме метавонад ба қадри имкони хеш боғи нав бунёд намояд, ё ин ки иншоотҳои гуногун дар шаҳраки нав сохта ба истифода диҳад. Якчанд соҳибкорон барои ҳамкори омодагии хешро баён доштаанд.

Барои таъмини заминҳои нав бо обёрии қатраги аллакай ширкатҳои ватанӣ омодагии хешро изҳор намуданд. Бадин тартиб санаи 6 уми июни соли 2014 дар саҳфаи таърих ҳамчун санаи муҳим сабт гардида, оғози боз як марҳилаи нави созандагиву бунёдкорӣ дар вилоят хоҳад гашт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.