Сафорат шахсияти тоҷики дар СИЗО-и Маскав худкушикардаро муайян кард

Дар санаи 4 июни соли ҷорӣ соати 19:25 дар боздоштгоҳи рақами 3 шаҳри Москва гумонбаршуда, шаҳрванди Тоҷикистон Назриев Шералӣ Файзалиевичи 34-сола, ки барои ҷинояти 228 – 1 кодеси ҷиноятии Федератсияи Русия гумонбар дониста мешавад, худро ба дор овехтааст. Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, ҷасади ин шаҳрванди ҶТ дар яке аз утоқҳои боздоштгоҳи тафтишотӣ […]

ASIA-Plus



Дар санаи 4 июни соли ҷорӣ соати 19:25 дар боздоштгоҳи рақами 3 шаҳри Москва гумонбаршуда, шаҳрванди Тоҷикистон Назриев Шералӣ Файзалиевичи 34-сола, ки барои ҷинояти 228 – 1 кодеси ҷиноятии Федератсияи Русия гумонбар дониста мешавад, худро ба дор овехтааст.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, ҷасади ин шаҳрванди ҶТ дар яке аз утоқҳои боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) –и ш. Москва пайдо шуда, ҳоло ҷасади ин шаҳрванди Тоҷикистон дар сардхонаи рақами 10 ш. Москва қарор дорад.

«Кормандони Хадамоти консулгарии Сафорат ин ҳодисаро зери назорати худ гирифта бо масъулини боздошгоҳи тафтишотӣ ш.Москва дар ҷараён ҳастанд ва ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рудакӣ, ки ин шаҳрвандамно истиқоматкунандаи ҳамин ноҳия мебошад, хабар расониданд», – хабар доданд аз сафорат.

Ёдрас мекунем, ки

«БалтИнфо

иттилоъ дода буд, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон худро ба дор овехтааст. Ҷасади шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон, ки худро бо либосаш (футболка) ба дор овехтааст, соати 19-и шом дар яке аз ҳуҷраҳои тавқифгоҳи муваққатии №5 дар кӯчаи Силикатний дарёфт шудааст.

«Муайян карда шудааст, ки рӯзи чоршанбе суди ноҳияи Никулинои шаҳри Маскав барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳайати гурӯҳи муташаккил, ӯро ба 19,5 соли зиндон маҳкум намудааст. Пас аз қироати ҳукм ӯро ба тавқифгоҳ овардаанд, ки дар он ҷо ӯ дарҳол даст ба худкушӣ задааст», – иттилоъ дода буд хабаргузорӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.