Кабирӣ: Фишор ба ҲНИТ шаклҳои тоза ва баъзан бемаъниро мегирад

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳиддин Кабирӣ бар ин назар аст, ки ахиран фишор болои ҳизб аз ҷониби ҳукуматдорон тақвият меёбад. «Албатта, дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ин бора ҳарф задан нохуш ва дардовар аст, вале ҳаёти воқеъиро наметавон нодида гирифт. Воқеъият имрӯз чунин аст, ки фишор […]

Мавзуна Абдуллоева



Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳиддин Кабирӣ бар ин назар аст, ки ахиран фишор болои ҳизб аз ҷониби ҳукуматдорон тақвият меёбад.

«Албатта, дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ин бора ҳарф задан нохуш ва дардовар аст, вале ҳаёти воқеъиро наметавон нодида гирифт. Воқеъият имрӯз чунин аст, ки фишор болои ҳизб рӯ ба афзоиш мениҳад», – гуфт ӯ ба хабарнигори «Азия-Плюс».

Ба гуфтаи ӯ, ин фишор ба ҲНИТ шаклҳои бештар тоза ва баъзан бемаъниро мегирад. «Масалан, дирӯз ба мо мактуб – огоҳиномаи Агентии зиддифасод расид, ки дар он барои иҷрои қарори ҳукумати ҶТ аз соли 1996 ба мо 10 рӯз муҳлат дода шудааст. Ин қарор ба суғуртаи ҳатмии кормандони машғул дар истеҳсолоти хатарнок барои солимиву ҳаёт марбут аст. Огоҳ мекунанд, ки агар мо ин талабро иҷро накунем, чораҳои дигар андешида мешаванд. Саволе ба миён меояд: Аз кадом вақт аҳзоби сиёсӣ барои солимӣ ва ҳаёт хатарнок шудаанд? Тамоми ҳизбҳо ё танҳо ҳизби мо? Чунин ба назар мерасад, ки тамоми сохторҳои давлатӣ, аз ҷамоатҳо сар карда то муассисаҳои таълимӣ уҳдадоранд, ки аз рӯи самти фаъолияти худ ба муқобили мо кор кунанд. Гӯё тамоми мушкилот ҳал шуда, танҳо як ҳизби мо боқӣ мондааст», – зикр кард Кабирӣ.

Дар шарҳи сабаби чунин сурат гирифтани воқеъаҳо ӯ душворӣ кашид. «Мо худамон ҳам донистанем, ки барои чӣ? Беҳтараш ин саволро ба онҳое пешниҳод кунед, ки ин мушкилотро рӯйи кор меоранд», – гуфт раиси ҲНИТ.

Ёдрас мекунем, ки ахиран дар видеохостинги Youtube зуд-зуд наворҳое гузошта мешаванд, ки дар онҳо афроди бадахлоқ худро аъзои ҲНИТ муаррифӣ мекунанд ё маводҳои бадномкунандаи ҳизб ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.