РВКД Турсунзода: Амирҷони 4-сола зинда, вале ҳолаташ вазнин аст

Амирҷони 4-сола, ки аз зарби 13 корд ҷароҳат бардошт, айни замон дар бемористон дар ҳолати вазнин бистарӣ аст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода хабар дода, маълумоти интишоршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи марги кӯдакро рад карданд. Ба иттилои манбаъ, кӯдак ба ҳуш омада, вале ҳолаташ вазнин боқӣ мондааст. […]

Меҳрангез Турсунзода



Амирҷони 4-сола, ки аз зарби 13 корд ҷароҳат бардошт, айни замон дар бемористон дар ҳолати вазнин бистарӣ аст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода хабар дода, маълумоти интишоршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи марги кӯдакро рад карданд.

Ба иттилои манбаъ, кӯдак ба ҳуш омада, вале ҳолаташ вазнин боқӣ мондааст. «Кӯдак худаш изҳор кард, ки ӯро зани ҳамсоя бо корд задаст ва номи ин занро ҳам гуфт», – зикр кард сарчашмаи хабар.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5-уми июни соли равон шаҳрванд Марҷонаи Файзалии 23-сола, сокини шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди маҳаллаи 1-и шаҳри мазкур шоҳиди он мегардад, ки дар вақти бозии кӯдакон писари ноболиғашро хурдсоли дигари ҳамин маҳалла Амирҷони Назирови 4-сола мезанад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, Марҷонаи Файзалӣ аз ин кирдори ноболиғ Назиров Амирҷон ба каҳру ғазаб омада, бо худ корд гирифта, ноболиғи 4-соларо ба тарафи камодам, байни буттаҳои марминҷон бурда, бо корди дар дасташ буда 13 маротиба ба узвҳои бадани (қисмҳои шикам, гурда ва тахтапушт) ин хурдсол зада, ҷароҳатҳои халандаву бурранда мерасонад.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, ноболиғ аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст. Айни замон шаҳрванд Марҷонаи Файзалӣ ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.