«Тоҷик Эйр» парвозҳо ба Теҳронро ду маротиба дар як ҳафта анҷом медиҳад



Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз 25-уми июн парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Теҳронро ду маротиба дар як ҳафта анҷом медиҳад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ширкати мазкур хабар дод, парвозҳо ба Теҳрон рӯзҳои чоршанбе ва якшанбеи ҳафта сурат мегиранд. «Қаблан «Тоҷик Эйр» танҳо рӯзи якшанбе парвоз ба Теҳронро анҷом дода, ширкати ҳавопаймоии эронии «Осмон» ду маротиба парвоз аз Машҳад ва як маротиба аз Теҳрон ба Душанберо анҷом медод. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ширкати «Осмон» танҳо парвоз аз Машҳад ва «Тоҷик Эйр» ду маротиба дар як ҳафта парвозҳо ба Теҳронро таъмин мекунанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамин тариқ, парвозҳо миёни Тоҷикистону Эрон 4 маротиба дар як ҳафтаро ташкил медиҳанд. Қаблан раҳбарони ҳарду кишвар ҷонибдори роҳандозии парвози ҳамарӯзаи ҳавопаймоҳо миёни кишварҳо буданд, вале бо мусофирон таъмин набудани ин хатсайр амалӣ шудани ин нақшаро бозмедорад. 

spot_imgspot_img

Популярное