Пресс-кафе оид ба рушди кластери ғизоӣ дар Тоҷикистон

Пресс кафе оид ба масъалаҳои рушди кластери ғизоӣ дар Тоҷикистон, 11 июни соли 2014 аз соати 14.00 то 16.30 дар конфронс зали Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Чорабинии мазкурро Ассотсиятсияи миллии соҳибкори хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналхалқии ғайридавлатии […]

ASIA-Plus



Пресс кафе оид ба масъалаҳои рушди кластери ғизоӣ дар Тоҷикистон, 11 июни соли 2014 аз соати 14.00 то 16.30 дар конфронс зали Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Чорабинии мазкурро Ассотсиятсияи миллии соҳибкори хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналхалқии ғайридавлатии австриягии Hilfswerk Austria International дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ тавассути пешбарии ташкилотҳои тиҷоратии миёнарав (ТТМ) ва корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар соҳаи саноати хӯрокворӣ», ки дар доираи барномаи «Осиёи Марказӣ – Инвест III» – и Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, ташкил карда мешавад.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, мақсади чорабинии зайл аз баланд бардоштани огоҳии аҳли омма оид ба сафари омӯзишии гурӯҳи мутахассисони Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Австрияи Боло барои омӯзиши кластери ғизоӣ иборат мебошад. Оид ба фаъолияти дар якҷоягӣ бо шарикон ба анҷом расонида ва қадамҳои ба нақша гирифташуда оид ба ворид намудани донишҳои ба даст оварда шуда дар сохтори коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳам аз натиҷаи фаъолияти лоиҳа ва ҳам аз вазифаҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паём ба Маҷлиси Олӣ аз 23 апрел сарчашма мегирад.

Дар фаъолияти Пресс-кафе кормандони мутасаддии сохторҳои давлатии мувофиқ, намояндагони бахши хусусӣ, мактабҳои олӣ, мутахассисон ва роҳбарони иттиҳодияҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҳавасманд, ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...