Кабирӣ: ҲНИТ омода аст, масъулияти кишварро бар дӯш гирад



Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ рӯзи 24 июн зимни ҷашни Ваҳдат дар қароргоҳи ҲНИТ гуфт, «вақти он расидааст, ки ҳамчун як ҳизби сиёсии қавӣ, соҳибҳақ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси созишнома ва дар асоси фарҳанги сиёсӣ рафтор кунем ва он ҳаққи ҳалоли аҳзоби сиёсиро аз дигарон талаб кунем ва ҳар чӣ ҳаст, ошкор бигӯем, ки ин ҳизб метавонад масъулияти кишварро бар дӯш бигирад. Агар натавонистед, ки дуруст рафтор кунед, Наҳзати Исломии Тоҷикистон омодааст, ки масъулияти кишварро бар дӯш гирад, мардум омода бошанд».

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар идомаи суханронии худ раиси ҲНИТ афзуд, ки марҳум устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар як паёмашон гуфта буданд, «агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист давлатро идора кардаву миллатро ба як миллати озоду пешрафт табдил диҳад, дар ин сурат, вазифаи Наҳзат он аст, ки дар бараш бошад ва кӯмакаш кунад. Агар дидем, ки мушкилию камбудӣ дорад, қудраташ нарасида истодааст ва ниёз ба кӯмак дорад ва баъзе иштибоҳҳоро дорост, талош кунем, ки бо насиҳату маслиҳат, бо танқид, бо нишон додани камбудиҳо ислоҳаш кунем. Вале бинем, ки на давлтаро хуб идора карда метавонанду на иқтисоду сиёсатро ва на камбудиҳояшонро мефаҳмаду ислоҳаш мекунанд, вазифаи як ҳизби сиёсӣ он аст, ки бигӯяд, бародар ҷойро холӣ кун, то як нафари дигар биёяду масъулияти давлатро бигирад».

Ба қавли Муҳиддин Кабирӣ, ин формулае аст, ки барои кулли аҳзоб маъруф аст ва агар ҲХДТ ҳам мисли дигар аҳзоби қонунии кишвар ин муодиларо эътироф дошта бошад, бояд тарзе рафтор кунад, ки дигарон рафтори онро қабул дошта бошанд.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ахиран фаъолияти ҳизб хеле мушкил шудааст. «То чанде мо таҳаммул мекунем, ҳамон қадр бештар аз ҷониби дӯстони ҷудогона фишор эҳсос менамоем. Акнун ҳатто барои гузаронидани маҷлис дар дафтари кории худамон низ иҷозат пурсидан лозим аст», – иброз дошт ӯ.

Муҳиддин Кабирӣ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ваиклони парлумон ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро бо ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, пешниҳод намуд, ки соли оянда ба чорабинии идона ҳамаи иштирокчиёни маросими имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ даъват карда шаванд.

spot_imgspot_img

Популярное