«Тоҷиказот» ба ихтиёри давлат мегузарад?



Ширкати Group DF, ки тоҷири маъруфи украинӣ Дмитрий Фирташ муассисаш аст, бо қарори Суди иқтисодии вилояти Хатлон оид ба ғайриқонунӣ эътироф шудани муомилоти хуриду фурӯши «Тоҷиказот» норозӣ аст.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дорандаи 75%-и ҳиссаи сармояи оинномавии корхонаи муштараки «Тоҷиказот» ширкати OSTARK VENTURES LIMITED мебошад, ки соҳибмулки назоратиаш Дмитрий Фирташ аст. 20% саҳмияи корхона ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5%-и саҳмияҳои он ба Хайрулло Саидов, писари соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов тааллуқ доранд.

Мурофиаи судӣ оид ба ин парванда рӯзи 23-юми июн дар

Суди иқтисодии вилояти Хатлон

доир гардида, худи ҳамин рӯз оид ба даъво қарор қабул шуд.

«Мо бо қарори Суди иқтисодии вилояти Хатлон, ки даъвои Агентии зиддифасоди Тоҷикистон нисбат ба ғайриқонунӣ эътироф кардани шартнома дар бораи таъсиси КМ ҶСП «Тоҷиказот»-ро қонеъ намуд, норозием. Ҳамчунин сармоягузор мо ба таври бояду шояд ҳамаи шартҳои қарордодро ба иҷро расонидем. Пас аз дастрас кардани қарори суд, аз болои он ба зинаҳои болоии суди Тоҷикистон ва дар сурати зарурат ба судҳои байнулмилалӣ шикоят мебарем», – посух доданд ба дархости хаттии «Азия-Плюс» аз Group DF.

Дар идома ширкати Group DF қайд мекунад, ки ширкат дар назди корхонаи муштарак тамоми уҳдадориҳои молиявии худро иҷро намудааст. «Тӯли ин солҳо ширкат ба фонди оинномавӣ ва рушди корхонаи мазкур беш аз 17 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карда, аз замони таъсиси ин корхонаи муштарак ба буҷети Тоҷикистон 45 млн. 610 ҳазору 642,72 сомонӣ маблағ ворид карда шуд», – гуфтанд дар ширкат.

Дар ҳамин ҳол, Исҳоқ Табаров, адвокати Хайрулло Саидов дар ин мурофиа, зикр кард, ки пас аз ба дасташ расидани нусхаи қарори суд ва омӯзиши он, ба Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ пешниҳод мекунад. «Тамоми талаботи Агентии зиддифасод аз ҷониби суд дастгирӣ шуда, ба ақидаи онҳо, зимни харидории ин корхона ба нақзи як қатор қонунҳои Тоҷикистон роҳ дода шудааст», – иброз дошт ӯ.

Адвокат савол медиҳад, ки чаро маҳз ҳоли ҳозир ин парванда боз ва баррасӣ шуда, чаро ҳамон замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ ин шартномаро ғайриқонунӣ нашумориданд, чунки зери санади ин муомилот бисёр шахсони мансабдори воломақоми кишвар имзо гузошта, қарордод бе иштироки намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ба имзо нарасидааст.

«Албатта, саволҳо зиёданд, вале агар Суди олии иқтисодии Тоҷикистон қарори мазкурро бекор накунад, аз болои қарори Суди иқтисодии вилояти Хатлон мо минбаъд ҳам шикоят мебарем. Мо бар ин назарем, ки муомилоти хариду фурӯши 5%-и саҳмияҳои корхонаи муштарак ғайриқонунӣ нест», – қайд кард вай.

Табаров шарҳ дод, ки ғайриқонунӣ эътироф шудани шартномаи мазкур ба ҳукумати Тоҷикистон гарон буда метавонад, зеро ширкати Group DF ҳатман тариқи суд ҷуброни воситаҳои аз соли 2002 ба рушди корхона сармоягузоришудаашро талаб хоҳад кард ва сипас баҳодиҳии амвол ва арзиши корхона сурат хоҳад гирифт, ки шояд ин маблағ аз 100 млн. $ зиёдтар шавад.

Директори КМ «Тоҷиказот» Тоирхон Ғозиев ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки  ягона корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии азотӣ дар кишвар аллакай муддати 6 сол аст, ки аз фаъолият бозмонда, вале коршоям аст. «Корхона бе газ кор карда наметавонад, истеҳсолот бо истифода аз ангишт (гази синтезшуда) бошад, хеле хароҷотнок буда, аз лиҳози иқтисодӣ барои истеҳсоли нурии минералии азотӣ фоидаовар нест», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки чунин баҳсҳои судӣ дар маҷмӯъ ба фаъолияти минбаъдаи корхона таъсири манфӣ расонида метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки Агентии зиддифасоди Тоҷикистон қаблан нисбати молики саҳмияҳои назоратии КМ «ТоҷикАзот», соҳибкори украинӣ Дмитирий Фирташ оид ба харидории ғайриқонунии саҳмияҳо, истифодаи ғайримақсадноки воситаҳо ва иштирок дар муомилоти ғайриқонунии фурӯши таҷҳизот даъво пеш овард. Агентӣ бар ин назар аст, ки муомилоти харидории 75%-и саҳмияҳо ғайриқонунӣ буда, аз ин рӯ, ин саҳмияҳо бояд ба давлат баргардонида шаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии зиддифасод хабар доданд, шартномаи соли 2002 баимзорасида дар бораи таъсиси корхонаи муштараки «ТоҷикАзот»-и Тоҷикиситону Кипр миёни ширкати Фирташ «Хайрок Холдингс Лимитед» ва ҳукумати Тоҷикистон ғайриқонунӣ мебошад. «Ин шартнома соли 2002, замони вазири саноати Тоҷикистон будани Зайд Саидови соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкумшуда ба имзо расидааст», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, ғайр аз ин, раҳбарияти «ТоҷикАзот» дар истифодаи ғайриқонунии воситахо, фурӯши таҷҳизоти корхона гумонбар дониста мешавад. «Дар сурати аз ҷониби мақомоти судӣ ғайриқонунӣ эътироф шудани шартномаи таъсис ва хусусигардонии корхонаи муштараки «ТоҷикАзот», корхона пурра таҳти назорати давлат қарор мегирад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» моҳи декабри соли 2012 дар заминаи ҶСК «Азот» таъсис дода шуда, нуриҳои азотӣ истеҳсол мекунад. Айни замон бинобар сабаби қатъ шудани интиқоли гази табиӣ корхона фаъолият надорад.

Ширкати Group DF, ки дороиҳои соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташро муттаҳид ва идора мекунад, рӯзи 28-уми апрел дар робита ба даъвои Агентии зиддифасоди Тоҷикистон ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар бораи ғайриқонунӣ хусусигардонии ҶСП КМ «ТоҷикАзот» 

изҳорот интишор намуд.

Ёдрас мекунем, ки миллиардери маъруфи украинӣ Дмитрий (Дмитро) Фирташ рӯзи 13-уми март дар Австрия дастгир шуд. Ӯ аз тарафи Амрико бо иттиҳоми ришвадиҳӣ ва қасди ҷиноӣ таҳти таъқиб қарор дошт. Суди Австрия қарор кард, ки соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ

 бо гарави 125 млн. евро 

маблағ озод карда шавад.

Аввали моҳи апрели соли равон

 ширкати русиягии«Газпром» 

низ изҳор дошт, ки  ҷараёни барҳамдиҳии корхонаи муштаракаш бо тоҷири украинӣ Дмитрий Фирташ – ширкати RosUkrEnergo AG-ро оғоз мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное