Баррасии шикоят оид ба мусодираи бозори Кабирӣ дар Суди олӣ

Суди олии Тоҷикистон рӯзи 2-юми июл шикояти кассатсионӣ аз болои қарори суди шаҳри Турсунзода дар бораи мусодираи бозори «Саховат», ки ба оилаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ тааллуқ дорад, баррасӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, адвокати Кабирӣ хабар дод. Ёдрас мекунем, ки санаи 21-уми апрели соли равон суди шаҳри Турсунзода даъвои Агентии назорати […]

ASIA-Plus



Суди олии Тоҷикистон рӯзи 2-юми июл

шикояти кассатсионӣ

аз болои қарори суди шаҳри Турсунзода дар бораи мусодираи бозори «Саховат», ки ба оилаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ тааллуқ дорад, баррасӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, адвокати Кабирӣ хабар дод.

Ёдрас мекунем, ки санаи 21-уми апрели соли равон суди шаҳри Турсунзода даъвои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро қонеъ сохта, оид ба

мусодираи бозори «Саховат»

-и шаҳри Турсунзодаи мутааллиқ ба оилаи раиси ҲНИТ ҳалнома содир намуд.

Бо қарори суд, иншооте, ки дар он бозори «Саховат» дар шаҳри Турсунзода воқеъ аст, ба Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷт баргардонида мешавад.

Суд тамоми дархостҳои ҷавобгарон ва нотариусро рад намуда, ҳамчунин онҳоро ба пардохти 36 сомонӣ ба нафъи давлат уҳдадор намуд. Ҳамчунин бо қарори суд давлат ба соҳибмулкони бозор ҳеҷ маблағе пардохт намекунад.

Ба савол дар бораи вазъи минбаъдаи бозор судя чунин посух дод: «Дар аризаи Агентии зиддифасод сухан на сари бозор, балки сари иншооте меравад, ки ғайриқонуни хусусӣ гардонида шудааст ва бояд дар ихтиёри Кумита қарор дошта бошад. Мо онро ба соҳибмулкони ҳақиқиаш баргардонидем».

Дар сухани ниҳоии худ Муҳиддин Кабирӣ аз суд хоҳиш кард, ки дархости ӯ дар бораи изҳороташ бобати ангезаи сиёсӣ доштани парванда ба инобат гирифта шавад. Мазмуни дархосташро ӯ шарҳ надод. «Ман қаблан ҳам ба судя гуфта будам, ки агар мурофиа мутобиқи қонунгузорӣ сурат гирад, ман дар он иштирок мекунам, вале агар чунин набошад, ҳузури ман маъное надорад. Судя ба ман ваъда дод, ки ҳамааш мунсифона ҳал мешавад ва ман умедворам, ки ҳамин тавр мешавад», – гуфт Кабирӣ ба журналистон.

Дар ҳамин ҳол, Солеҳҷон Носиров, намояндаи Агентии зиддифасод  аз суд талаб кард, ки ин иншооти варзишӣ, ки замоне тахриб гардидаву ба ивазаш бозор сохтаанд ба давлат баргардонида шавад. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки Агентӣ бояд ба раиси ҲНИТ 836 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт кунад.

«Ин маблағ таҳқиромез аст, зеро ҳанӯз чанд сол қабл аз рӯи нарҳҳои ҳамонвақта зерҳимояҳои ман ин бозорро бо нархи 200 ҳазор доллари ИМА харидаанд», – изҳор кард дар ин робита Бузургмеҳр Ёров, адвокати оилаи Кабирӣ.

Агентии зиддифасод аз суд тақозо намуда буд, ки бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки муталлиқ ба оилаи Кабирӣ ва хешони ӯ аст, ғайриқонунӣ ва бо нақзи меъёрҳои қонунгузории амалкунанда хусусӣ гардонида шудааст ва бояд ба ихтиёри давлат баргардонида шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.