Ш. Зуҳуров: Баъзе кишварҳо вазъ дар Тоҷикистонро муташанниҷ карданианд

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бар ин назар аст, ки баъзе кишварҳо вазъ дар Тоҷикистонро муташанниҷ карданианд. «Дар шароити муташанниҷ шудани вазъ дар минтақаву ҷаҳон, бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат, масъалаи ҳимояи давлатдорӣ ва манфиатҳои миллӣ барои мо аҳамияти хосса касб мекунад. Дар чунин шароит ҳеҷ кадоме аз кишварҳои дунё наметавонад аз дигаргуниҳои ҷиддии […]

ASIA-Plus



Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бар ин назар аст, ки баъзе кишварҳо вазъ дар Тоҷикистонро муташанниҷ карданианд.

«Дар шароити муташанниҷ шудани вазъ дар минтақаву ҷаҳон, бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат, масъалаи ҳимояи давлатдорӣ ва манфиатҳои миллӣ барои мо аҳамияти хосса касб мекунад. Дар чунин шароит ҳеҷ кадоме аз кишварҳои дунё наметавонад аз дигаргуниҳои ҷиддии харобиовар ва бархӯрдҳо эмин бошад», – изҳор кард рӯзи душанбе Шукурҷон Зуҳуров зимни ҷаласаи охирини пеш аз таътили парлумонӣ.

Дар ин робита ӯ зикр кард, ки ба ин гуна вазъ кишварҳое муқовимат карда метавонанд, ки аз низоми бештар пешрафти ҳуқуқӣ бархӯрдор бошанд.

«Дар ҷаҳон бетартибиҳо роҳандозӣ мешаванд. Давлатҳое мавҷуданд, ки хоҳони ворид намудани кишвари мо ба ин раванд мебошанд», – изҳор дошт ӯ, вале маҳз кадом кишварҳову бо кадом мақсад манфиатдор будани онҳо ба бад шудани вазъ дар Тоҷикистонро номбар накард.

Зуҳуров аз вакилон даъват ба амал овард, ки барои муқовимат ба ин падидаҳо ва таҳкими сулҳ дар кишвар ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд. «Сарфи назар аз мансубияти ҳизбӣ, ҳамаи вакилони мо дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ақидаи ягона доранд», – афзуд ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.