Дар Ваҳдат корхонаи хиштбарории «Эверест Лонг» ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Ваҳдат корхонаи хиштбарории ҶСК «Эверест Лонг» ба истифода дода шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар доданд, дар ин корхона, ки сохтмонаш баҳори соли 2013 шурӯъ гардида буд, ҳудуди 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд. «Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 10 млн. дона хишт дар як солро […]

Заррина Эргашева



Дар шаҳри Ваҳдат корхонаи хиштбарории ҶСК «Эверест Лонг» ба истифода дода шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар доданд, дар ин корхона, ки сохтмонаш баҳори соли 2013 шурӯъ гардида буд, ҳудуди 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд.

«Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 10 млн. дона хишт дар як солро ташкил дода, корхона аз ҳисоби маблағи сармоягузорони маҳаллӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор доллари ИМА бунёд гардид», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 100 корхонаи хурду миёна ва ҳамчунин коргоҳҳои истеҳсоли хишти хом ва пухта ба истеҳсоли хишт машғуланд. «Айни замон корхонаҳои ватанӣ талаботи кишвар ба хиштро комилан таъмин намуда, ба ҷуз хиштҳои оташтобовар барои сохтмони корхонаҳои сементбарорӣ, дигар навъи хишт аз хориҷи кишвар ворид карда намешавад», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Вазорати мазкур, соли 2013 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 130 млн. дона хишт истеҳсол карда шуда, бо назардошти мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои нави истеҳсоли ин навъи масолеҳи сохтмон, дар вазорат умедворанд, ки имсол истеҳсоли он то ба 140 млн. дона расонида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.