Қатли бераҳмонаи духтарчаи 6-сола аз ҷониби модараш

Нимаи рӯзи 30-юми июни соли равон дар роҳрави назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федини пойтахт ҷасади хурдсол Мадина Шариповаи 6-сола, тарбиягирандаи Хонаи кӯдакони №2-и Раёсати тандурустии ш. Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, сар аз тан ҷудо дарёфт гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳамагӣ баъд аз 20-дақиқаи содир шудани ҷинояти мазкур, аз ҷониби […]

ASIA-Plus



Нимаи рӯзи 30-юми июни соли равон дар роҳрави назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федини пойтахт ҷасади хурдсол Мадина Шариповаи 6-сола, тарбиягирандаи Хонаи кӯдакони №2-и Раёсати тандурустии ш. Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, сар аз тан ҷудо дарёфт гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳамагӣ баъд аз 20-дақиқаи содир шудани ҷинояти мазкур, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Синои ш.Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят модари марҳум – Зиёдагул Шариповаи 29-сола дастгир карда шудааст.

Гуфта мешавад, Зиёдагул Шарипова зодаи ноҳияи Ҳисор, шаҳраки Шарора, муваққатан истиқоматкунандаи ш. Душанбе буда, фарзанди ноболиғи худ Мадинаи шашсоларо аз Хонаи кӯдакони №2 бо навиштани дастхат, тахминан соатҳои 10 ба 11бо худ бурда, сипас бо истифода аз корд ӯро ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидааст. Баъдан номбурда ҷасадро дар назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федина гузошта, худ аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.