Дидори Александр Содиқов бо ҳамсараш

Ба ҳамсари Александр Содиқов, ки ба гумони ҷосусӣ ба ҳабс гирифта шуд, муяссар гардид, ки бо шавҳараш дидору гуфтугӯ намояд. Твавре ба «Азия-Плюс» Мушарраф Содиқова, ҳамсари Александр Содиқов хабар дод, рӯзи 26-уми июн ба ӯ барои вохӯрӣ бо ҳамсараш, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАм нигаҳдорӣ мешавад, иҷозат додаанд. «Александ изҳор намуд, ки бо ӯ […]

Меҳрангез Турсунзода



Ба ҳамсари Александр Содиқов, ки ба гумони ҷосусӣ ба ҳабс гирифта шуд, муяссар гардид, ки бо шавҳараш дидору гуфтугӯ намояд.

Твавре ба «Азия-Плюс» Мушарраф Содиқова, ҳамсари Александр Содиқов хабар дод, рӯзи 26-уми июн ба ӯ барои вохӯрӣ бо ҳамсараш, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАм нигаҳдорӣ мешавад, иҷозат додаанд.

«Александ изҳор намуд, ки бо ӯ муомилаи хуш намуда, аз шиканҷа истифода накардаанд. Мо умедворем, ки ояндаи наздик ҳамаи ин ба охир расида, гурӯҳи тафтишотӣ ба хулосаи дуруст мерасад ва ӯро озод мекунанд», – гуфт Содиқова.

Қобили зикр аст, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 27-уми июн дар аксари шаҳру кишварҳои дунё, аз ҷумла Лондон, Торонто, Вашингтон, Париж, Олмон, Қирғизистон, Австралия, Русия ва Қазоқистон дар мавзӯи «Ҳабси Александр Содиқов: хавф барои муҳаққиқон дар Осиёи Марказӣ» чорабинӣ баргузор шуд. Дар ин муколамаи ҷаҳонӣ олимон натанҳо қазияи ҳабси Содиқов, балки оқибатҳои бузургмиқёси он барои олимон ва муҳақиқон дар саросари ҷаҳонро баррасӣ намуданд. «Мо аз ҷонибҳои манфиатдор даъват мекунем, ки дар ин мавзӯъ чорабиниҳои мустақили худро доир намоянд», – изҳор намуданд дастандаркорони чорабинӣ.

Ёдрас мекунем, ки Александр Содиқов санаи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ӯ ба ҷосусӣ ба манфиати давлати хориҷӣ гумонбар дониста мешавад. Дар робита ба ин қазия мутобиқи моддаи 305и КҶ ҶТ (Хиёнат ба давлат) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар шаҳри Хоруғ Александр барои лоиҳаи таҳқиқотӣ назарпурсӣ мегузаронид. Роҳбарони таҳқиқоти ӯ итминон медиҳанд, ки фаъолияти Содиқов қонунӣ, қотеъона илмӣ ва хусусияти академӣ дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.