Амалисозии лоиҳаҳои БҶ ва БОР дар Тоҷикистон ба маблағи 1,9 млрд. $

Маблағи умумии лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Бонки осиёгии рушд (БОР), ки дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, дар маҷмӯъ 1,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, зимни нӯҳумин Шарҳи Муштараки маҷмӯии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, БОР ва БҶ дар Кохи Ваҳдати пойтахт […]

ASIA-Plus



Маблағи умумии лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Бонки осиёгии рушд (БОР), ки дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, дар маҷмӯъ 1,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, зимни нӯҳумин Шарҳи Муштараки маҷмӯии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, БОР ва БҶ дар Кохи Ваҳдати пойтахт зикр гардид, ки 1,2 млрд. $ ё 61 фоизи он ба БОР ва 743 млн. доллари ИМА ё 39 фоизи он ба Бонки умумиҷаҳонӣ рост меояд.

«Аз соли 1998 то ба имрӯз аз ҷониби бонкҳои мазкур дар маҷмӯъ маблағгузории қариб 110 лоиҳа дастгирӣ ёфта, татбиқи қисми зиёди онҳо таъмин гардидааст. Ба ҳолати 1 июни соли 2014 бошад, маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунандаи БОР аз 11 лоиҳаи қарзию грантӣ ба маблағи 570,97 млн. доллари америкоӣ ва БҶ аз 13 лоиҳаи қарзию грантӣ ба маблағи 213,84 млн. доллари ИМА иборат аст ва бояд қайд намуд, ки 83,3%-и маблағҳои БОР-ро маблағҳои грантӣ ташкил дода, аз БҶ бошад, 88,5% маблағҳои грантӣ мебошанд», – қайд мешавад дар маълумоти Кумитаи мазкур.

Гуфта мешавад, ҳадафи асосии гузаронидани чунин шарҳ аз он иборат аст, ки таҳлили раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории бонкҳои мазкур, проблемаю мушкилотҳое, ки дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷой доранд, бартараф карда шаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар сохтори Маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунандаи бонкҳои мазкур маблағҳои ҷудогардида барои рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, маориф, тандурустӣ ва идоракунии давлатӣ сафарбар карда шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.