Бахши ҷавонони ҲХДТ муддати аллакай ним сол пешво надорад

Пас аз дар дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба мансаб соҳиб шудани собиқ раиси бахши ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Адҳам Мирсаидов, муддати аллакай ним сол аст, ки бахши ҷавонони ҳизби ҳокими кишвар бе пешво боқӣ мемонад. Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки […]

Аваз Юлдошев



Пас аз дар дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба мансаб соҳиб шудани собиқ раиси бахши ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Адҳам Мирсаидов, муддати аллакай ним сол аст, ки бахши ҷавонони ҳизби ҳокими кишвар бе пешво боқӣ мемонад.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки таъини раиси нави бахши ҷавонони ҳизб салоҳияти раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

«Раиси нави бахши ҷавонони ҲХДТ бар асоси алтернативӣ аз ҷониби пешвои ҳизб таъин шуда, ба ӯ якчанд нафар номзадҳо пешниҳод мешаванд ва яке аз онҳо ба ин вазифаи ҳизбӣ соҳиб мешавад», – зикр кард ӯ.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 30 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.