Содир шудани 4 ҳукми судии эътирофи бегуноҳӣ дар ним сол



Зимни нишасти хабарии рӯзи 7-уми июл раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон Зафар Азизов изҳор кард, ки дар зарфи ним сол судҳои ҷумҳурӣ 4 ҳукми эътирофи бегуноҳи содир намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз нисф камтар аст.

«Бояд гуфт, ки ҳукмҳои эътирофи бегуноҳӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба нафъи мансабдорони давлатӣ, ки дар қонуншиканӣ айбдор шудаанд, қабул нагардидаанд», – таъкид дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давраи ҳисоботӣ ду далели ришвахорӣ миёни намояндагони мақомоти судӣ ошкор ва собит шуда, айни замон нисбати боз як судя тафтиш идома дорад.

Раиси Шӯрои адлия зикр кард, ки дар нимсолаи аввал судҳои кишвар дар маҷмӯъ 63 ҳазору 891 парвандаҳоро баррасӣ кардаанд, ки дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта беш аз 1,5 ҳазор парванда камтар аст.

«Аз ин шумор 5 ҳазору 561-тоашон парвандаҳои шаҳрвандӣ, 17 ҳазорашон парвандаҳои шаҳрвандии оилавӣ, беш аз 25 ҳазорашон парвандаҳо дар бораи қонуншикании маъмурӣ (аз ҷумла 336-тоаш оид ба риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва 5 ҳазору 167 парвандаи марбут ба риоя нашудани қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд) ва ғайра мебошанд», – афзуд Зафар Азизов.

spot_imgspot_img

Популярное