Воситаҳои БАТР барои бунёди комплексҳои коркарди партобҳои маишӣ

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) барои сохтмони комплексҳои коркард ва нобудсозии партовҳои сахти маишӣ дар Тоҷикистон воситаҳо ҷудо кард. Тавре ба «Азия-Плюс» аз КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» хабар доданд, айни замон дар ҷумҳурӣ 65 майдони нигаҳдории партовҳои сахти маишӣ вуҷуд доранд, ки танҳо дар 4-тояш (дар Душанбе, Ёвон, Хуҷанд ва Чкаловск) низоми безараргардонии партовҳо амал […]

Пайрав Чоршанбиев



Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) барои сохтмони комплексҳои коркард ва нобудсозии партовҳои сахти маишӣ дар Тоҷикистон воситаҳо ҷудо кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» хабар доданд, айни замон дар ҷумҳурӣ 65 майдони нигаҳдории партовҳои сахти маишӣ вуҷуд доранд, ки танҳо дар 4-тояш (дар Душанбе, Ёвон, Хуҷанд ва Чкаловск) низоми безараргардонии партовҳо амал карда, дар чанде аз дигар шаҳру навоҳӣ чунин корҳо қисман анҷом дода мешаванд.

«Бо мақсади бунёди комплексҳои коркарди партовҳои маишӣ мо лоиҳаҳои сармоягузорӣ омода намуда, сипас ба ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ пешниҳод гардид, ки дар натиҷа БАТР ба сармоягузории лоиҳаҳо омодагӣ изҳор кард», – гуфтанд дар корхона.

Ба иттилои манбаъ, БАТР барои сохтмони комплексҳои коркарди партовҳои сахти маишӣ 22 млн. доллари ИМА ҷудо кард, аз ҷумла барои сохтмони чунин комплекс дар шаҳри Душанбе – 9 млн. $, Хуҷанд – 5 млн. $, Қӯрғонтеппа – 4 млн. $ ва Турсунзода – 4 млн. $.

Зимнан зикр гардид, ки корҳои сохтмони иншооти мазкур соли равон оғоз мегарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.