Гуфтушунидҳои тӯлонӣ дар Исфара ба итмом расиданд

Гуфтушунидҳо бобати ба эътидол овардани вазъ дар марзи Қирғизистон, ки субҳи рӯзи 11-уми июл дар Қайроққум оғоз гардида, нимаи дуюми рӯз дар Исфара идома ёфта буданд, шоми ҳамон рӯз ба итмом расиданд. Тавре як манбаъи наздик ба гуфтушунидҳо иттилоъ дод, дар ин гуфтушунид масъалаҳои муноқиша дар мавзеи Бедаки ҷамоати Ворух, боз кардани роҳи мошингарди басташудаи […]

ASIA-Plus



Гуфтушунидҳо бобати ба эътидол овардани вазъ дар марзи Қирғизистон, ки субҳи рӯзи 11-уми июл дар Қайроққум оғоз гардида, нимаи дуюми рӯз дар Исфара идома ёфта буданд, шоми ҳамон рӯз ба итмом расиданд.

Тавре як манбаъи наздик ба гуфтушунидҳо иттилоъ дод, дар ин гуфтушунид масъалаҳои муноқиша дар мавзеи Бедаки ҷамоати Ворух, боз кардани роҳи мошингарди басташудаи Исфара-Ворух ва ҳамчунин масоили қаблан пешбинишудаи марбут ба роҳҳои мошингарди Боткан-Кӯктош-Оқсой ва Исфара-Ворух дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.

Қарибиҳои шом ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амният Шералӣ Хайруллоев низ ба гуфтушунид ҳамроҳ шудааст. Дар ҳамон ҷо издиҳоми иборат аз 15-20 нафараи сокинони ҷамоати Ворух низ ба мушоҳида расидаанд, ки вохӯрӣ бо ҳайатҳои гуфтушунид ва ҳамчунин боз кардани роҳи мошингарди Исфара-Ворухро тақозо доштаанд. Пас аз суҳбат ва итминон додани ҳукуматдорони маҳаллӣ оид ба дар фурсати наздиктарин боз шудани роҳ, издиҳоми мардум пароканда шудааст.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси вилояти Суғд, узви комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ Ҷумъабой Сангинов, дар натиҷаи гуфтушунидҳо Протокол дар бораи тафтиши муштараки муноқишаи рухдода дар мавзеи Бедак, ки рӯзи 10-уми июл рух дод, ба имзо расидааст.

Ҳамчунин дар ҷараёни гуфтушунид қарор шудааст, ки тамоми вариантҳои сохтмони роҳҳои мошингарди Исфара-Ворух ва Кӯктош-Оқсой-Тамдик аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ дар фурсати наздик баррасӣ шуда, ҷиҳати мувофиқа ба роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматӣ пешниҳод мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.