Суғд: Ҳалокати як коргар бар асари ҳодисаи нохуш

Бар асари ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд як коргари ҶДММ «Кӯҳкан-Шахтёр» ба ҳалокат расид. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, сокини 36-солаи ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент ҳангоми иҷрои корҳои зеризаминӣ дар мавзеи Ҷиҷикрӯди ноҳияи Айнӣ миёни вагончаҳои ҳамлу нақли консентрат афтода, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мегирад. Ба иттилои мнабаъ, […]

Мавлуда Рафиева



Бар асари ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд як коргари ҶДММ «Кӯҳкан-Шахтёр» ба ҳалокат расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, сокини 36-солаи ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент ҳангоми иҷрои корҳои зеризаминӣ дар мавзеи Ҷиҷикрӯди ноҳияи Айнӣ миёни вагончаҳои ҳамлу нақли консентрат афтода, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мегирад.

Ба иттилои мнабаъ, коргарро ба дармонгоҳи пойтахт меоранд, вале аз ҷароҳатҳои бардошта ӯ ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин далел тафтиш идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.