Хайруллоев оилаи сокини аз тири марзбонони қирғиз ҳалокшударо аёдат кард

Мушовири президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амният Шералӣ Хайруллоев ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оилаи сокини аз тири марзбонони қирғиз ҳалокшуда Сафоиддин Шарофовро аёдат кард. Тавре ба «Азия-Плюс» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод, бинобар сабаби даргузашти бемаҳали марҳум ба аҳли оилаву наздикони ӯ ҳамдардии самимона изҳор карда […]

Баҳром Файзуллоев



Мушовири президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амният Шералӣ Хайруллоев ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оилаи сокини аз тири марзбонони қирғиз ҳалокшуда Сафоиддин Шарофовро аёдат кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод, бинобар сабаби даргузашти бемаҳали марҳум ба аҳли оилаву наздикони ӯ ҳамдардии самимона изҳор карда шуд. «Албатта, ба аҳли оилаи марҳум ҳамаҷониба дастгириву кумак расонида шуда, онҳо бо ғамхории ҳукумати маҳаллӣ ва дар маҷмӯъ ҳукумати кишвар фаро гирифта хоҳанд шуд», – иброз дошт ӯ.

Ҷасади Сафоиддин Шарофов, падари се фарзанд шоми рӯзи ҷумъа ба хок супурда шуд. Ӯ зимни муноқиша ҳангоми гузаронидани қубури об аз тири марзбони кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба ҳалокат расид.

Бар асари муноқишаи рӯзи 10-уми июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунин боз 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон осеб дида, бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон мунтақил шуданд.

Як манбаъ аз маркази солимии ҷамоати Ворух дар ин робита иттилоъ дод, ки талафот метавонист зиёдтар шавад, вале ба туфайли тадбирҳои дақику фаврии ҷарроҳони маҳаллӣ, муяссар шудааст, ки хунравии зиёди ду нафар сокини захмишудаи Бедак саривақт пешгирӣ карда шуда, ҷони онҳо аз хатар эмин бимонад.

Айни замон вазъи солимии ҳамаи захмишудагон қаноатбахш ва се нафари дар шуъбаи эҳёгарии бемористон қарордошта муътадил аст.

Ба хабарнигори «Азия-Плюс» муяссар шуд, ки бо яке аз ҷароҳатбардоштагон ҳамсуҳбат шавад. Ӯ дар робита ба ҳодисаи рухдода чунин гуфт: «Ман то ҳол бовар карда наметавонам, ки муноқишаи маъмули лафзӣ метавонад бо чунин фоҷеа бианҷомад. Охир мо на дар қаламрави баҳсӣ, балки дар заминҳои худ машғули кор будем ва ҳеҷ касе интизорӣ надошт, ки дар ин моҳи ҳам барои тоҷикон ва ҳам қирғизҳо шарифи Рамазон марзбонони кишвари ҳамсоя нисбати мо аз силоҳи оташфишон истифода мекунанд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.